Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд дар панҷ моҳ ба маблағи 760,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Июнь 16, 2024 16:43

ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 760,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  21,6 фоиз зиёд шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Аз миқдори умумии маҳсулоти истеҳсолгашта 152,1 миллион  сомонӣ ба хориҷи мамлакат содир шуда, аз ҷониби 105 корхона маҳсулоти воридотивазкунанда ба маблағи 332,1 миллион сомонӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда 23,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Корея- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён Ҷей Текстайл» фаъолият дорад. Дар айни замон  дар он  130 нафар кор  мекунанд.

Ҷамъият бо ворид намудани технологияи муосир аз кишварҳои хориҷӣ ба дӯхтани либосҳои соҳавӣ, ҳарбӣ, мактабӣ ва ғайра машғул мебошад.Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст дар  ояндаи наздик ба дӯхтани шиму костюмҳои мардона низ  шуруъ намояд.

АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Июнь 16, 2024 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст