Корхонаи хурди «Зари тоҷик» дар шаҳри Гулистон аз металлҳои қиматбаҳо маҳсулоти заргарӣ истеҳсол менамояд

Июнь 17, 2024 16:53

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар корхонаи хурди «Зари тоҷик» металлҳои қиматбаҳо — тиллову нуқра то ба коркарди ниҳоӣ расонида шуда, аз онҳо маҳсулоти заргарӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар корхона беш аз 10 нафар заргар, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд.

Дар корхона навъу намуди зиёди ҷавоҳирот ва маҳсулоти заргарӣ истеҳсол гардида, баробари пешниҳод ба бозорҳои дохилӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешаванд. Маҳсулоти тайёр​ дорои сертификати мутобиқат буда, сифати баланди он боиси зиёд гаштани сафи мизоҷон гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон корхонаи​ «Апрелевка» фаъолият мекунад, ки он яке аз корхонаҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият мебарад. Айни замон дар корхона 1000 нафар ба шуғли доимӣ ва маоши хуб фаро гирифта шуда, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона зиёд мегардад.​

Роҳбарияти корхона бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир азм дорад иқтидори истеҳсолии корхонаро тақвият бахшад. Бо ин мақсад мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб гардида, корҳои омӯзишӣ идома доранд.​

АКС аз бойгонӣ

Июнь 17, 2024 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард