Корхонаи хурди «Зари тоҷик» дар шаҳри Гулистон аз металлҳои қиматбаҳо маҳсулоти заргарӣ истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар корхонаи хурди «Зари тоҷик» металлҳои қиматбаҳо — тиллову нуқра то ба коркарди ниҳоӣ расонида шуда, аз онҳо маҳсулоти заргарӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар корхона беш аз 10 нафар заргар, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд.
Дар корхона навъу намуди зиёди ҷавоҳирот ва маҳсулоти заргарӣ истеҳсол гардида, баробари пешниҳод ба бозорҳои дохилӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешаванд. Маҳсулоти тайёр дорои сертификати мутобиқат буда, сифати баланди он боиси зиёд гаштани сафи мизоҷон гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон корхонаи «Апрелевка» фаъолият мекунад, ки он яке аз корхонаҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият мебарад. Айни замон дар корхона 1000 нафар ба шуғли доимӣ ва маоши хуб фаро гирифта шуда, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона зиёд мегардад.
Роҳбарияти корхона бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир азм дорад иқтидори истеҳсолии корхонаро тақвият бахшад. Бо ин мақсад мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб гардида, корҳои омӯзишӣ идома доранд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиши фоизи қарзҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур доданд
Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст






