Маҷаллаи «ал-Баён»-и Робитаи адибони Кувайт ашъори шоираи ҷавони тоҷик Сурайё Ҳакимоваро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи “ал-Баён”-и Робитаи адибони Кувайт як сафҳаи шумораи навбатии худро (июн/2024) барои нашри ашъори шоираи ҷавони тоҷик Сурайё Ҳакимова ва мухтасари тарҷумаи ҳоли ӯ бо пешгуфтори Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бахшидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Ашъори шоираро ба забони арабӣ тарҷумони арабизабон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар таҳти унвони “Шеъри сафед аз Тоҷикистон” анҷом додааст.
Шоистаи ёдоварист, ки маҷаллаи мазкур пештар низ намунаҳои шеъри шоираҳои шинохта Гулрухсор ва Фарзонаро ба ҳаводорони шеър дар Кувайт ва дигар кишварҳои араб пешниҳод намуда, дар тарғиб ва шиносоии шеъри муосири тоҷик саҳм гузоштааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт









Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






