Маҷаллаи «ал-Баён»-и Робитаи адибони Кувайт ашъори шоираи ҷавони тоҷик Сурайё Ҳакимоваро нашр намуд

Июнь 20, 2024 19:33

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи “ал-Баён”-и Робитаи адибони Кувайт як сафҳаи шумораи навбатии худро (июн/2024) барои нашри  ашъори шоираи ҷавони тоҷик Сурайё Ҳакимова ва мухтасари  тарҷумаи ҳоли ӯ бо пешгуфтори Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бахшидааст. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Ашъори шоираро ба забони арабӣ тарҷумони арабизабон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар таҳти унвони “Шеъри сафед аз Тоҷикистон” анҷом додааст.

Шоистаи ёдоварист, ки маҷаллаи мазкур пештар низ намунаҳои шеъри шоираҳои шинохта Гулрухсор ва Фарзонаро ба ҳаводорони шеър дар Кувайт ва дигар кишварҳои араб пешниҳод намуда, дар тарғиб ва шиносоии шеъри муосири тоҷик саҳм гузоштааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Июнь 20, 2024 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид