МАРҲАБО, БА ҶАШНИ ТИРГОН. Имрӯз дар Душанбе ҷашни Тиргон таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои қадимаи аҷдодони мо-тоҷикон, ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон- Тиргон таҷлил мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар даромадгоҳи Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе дастранҷи кишоварзон бо пешниҳоди навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуз ва дигар маҳсули истеҳсолнамудани кишоварзон ба намоиш гузошта шудааст. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд.
Инчунин дар ҷашнгоҳ дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳар як ҷашну ойин ва маросим гӯяндаи таърихи ҳамагон ва тамаддуни таърихӣ аст. Дар таърихи бостон аҳамияти баргузории ҷашни Тиргон ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада баробар аст.
Муҳаққиқи тоҷик Зафари Мирзоён дар мақолаи «Тиргон ва биниши тоҷикони бостон» чунин навиштааст: «ҷашнҳои куҳани мо реша дар замони Пешдодиён дошта, аз боварҳои тоҷикону ориёитаборони бостон — оини Меҳр сарчашма гирифтаанд».
Бояд гуфт, ки имрӯз дар саросари мамлакат Тиргонро бо шукӯҳ ва бо иҷрои расму оинҳои ниёгон ҷашн мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






