МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлили олимони соҳаи тиб, истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад. Инчунин сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд карда, кори дилро ба эътидол меорад, биноиро мустаҳкам намуда, инчунин барои таъмини витаминҳо дар организми инсон фоидаовар аст. Шарҳи бештари АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ пешниҳод мегардад.
Истеъмоли хушкмева ба инсон дар тӯли ҳазорсолаҳо маълум аст. Дар солҳои қадим, ки мардҳо ба шикор мерафтанд, занҳо меваҳои аз дарахт афтодаро ҷамъ карда, дар зери нури офтоб хушк мекарданд. Мусофирон дар вақти ба сафар баромаданашон, ҳатман хушкмеваро озуқа мекарданд, зеро меваи хушк дар сафар инсонро сер мекард ва аз касалиҳо эмин нигоҳ медошт. Табибони қадима хушкмеваро ганҷинаи табобатӣ меҳисобиданд.
Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, мавизи хушк (аслан ангур) сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, кори дилро ба эътидол меорад ва ба ҳозима таъсири хуб мерасонад. Он инчунин манбаи калий, калтсий ва диуретики аъло мебошад. Зардолуи хушк (аслан зардолу) бошад, биноиро мустаҳкам мекунад ва кори дилро беҳтар мекунад. Он манбаи фосфор, калий ва калсий мебошад.
Инчунин себи хушк барои бемориҳои гурда ва сипаршакл муфид аст. Ноки хушккардашуда норасоии витаминҳоро дар бадан пур мекунад. Ҳамчунин дигар меваҳои хушкардашуда аз манфиат орӣ нестанд.
Хушкмева аз витаминҳои А, В1, В2, В3, В5, В6 ва минералҳо ба монанди оҳан, калтсий, магний, фосфор, калий, натрий бой мебошад. Хушкмева як хусусияти хуб дорад, онро шумо муҳлати зиёд нигоҳ дошта метавонед. Одатан хушкмеваро бо ду тарз тайёр мекунанд: табиӣ, яъне дар зери нурҳои офтоб ва тарзи дуюм, ин коркарди меваи тар бо сулфур ё ин ки олтингугирд мебошад.
Имрӯзҳо бештари аз корхонаҳо меваро бо сулфур хушк мекунанд. Он барои нигоҳ доштани ранги аслии меваи хушкунонидашуда мусоидат мекунад ва муҳлати нигоҳдории хушкмеваро зиёд мекунад. Хушкмеваи дар зери нурҳои офтоб хушкунонидашуда каме тираранг буда, аз хушкмеваи бо сулфур коркардшуда аз ҷиҳати табобат бартарӣ дорад. Аз ҳамин сабаб дар вақти харидорӣ намудан ба хушкмеваи бо тарзи табиӣ хушкунонидашуда аҳамият диҳед.
Ба гуфти мутахассисон, истеъмоли хушкмева чи дар фасли зимистон ва тобистон фоидаовар аст. Истеъмоли хушкмева дар мавсими сармо хеле муфид мебошад, зеро инсон ба норасоии витаминҳою микроэлементҳо дучор мегардад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки содироткунадаи хушкмева дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он шинохта шудааст. Яке аз меваҳое, ки тару тозаи он айни замон содирот гардида истодааст, ин зардолу мебошад. Онро низ корхонаҳои махсуси ҷумҳурӣ хушк намуда, содирот низ мекунанд. Зардолуи хушк барои Тоҷикистон маҳсулоти миллӣ аст, ин бренди истеҳсолӣ мебошад, ки тамоми инфрасохторро дар бар мегирад.
Зардолуи хушк аз ҳама меваҳои хушк солимтарин ҳисобида мешавад.
Мавиз-меваи хушки ангур маъмултарин навъи меваи хушк дар мамлакати мо мебошад. Бо содагии берунии истеҳсоли он, технологияи истеҳсоли мавизи баландсифат дар асл хеле мураккаб аст ва риояи қатъии як қатор шартҳоро талаб мекунад.
Пеш аз ҳама, мавизи хубро танҳо аз навъҳои ангур бо пӯсти тунук ва гӯштӣ ба даст овардан мумкин аст ва миқдори шакар бояд на камтар аз 20 фоиз бошад (дар мавизи аллакай тайёр, ҳиссаи шакар то 80 фоиз мерасад). Ба чунин хусусиятҳои ангур танҳо дар иқлими гарми офтобӣ ноил шудан мумкин аст,
Дар Тоҷикистон мавизро бо усули махсус коркард мекунанд, ки дар он 80 фоиз шакарҳои табиӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бояд гуфт, ки меваҳои хушк нисбат ба ангурҳои табиӣ миқдори зиёди моддаҳои муфид доранд.
Писта низ ба қатори меваҳои хушк дониста мешавад. Писта маҳсулоти солим аст ва дар байни ҳамаи чормағзҳо ҷойгоҳи махсус дорад. Писта бисёр унсурҳои муфид дорад, ки он барои барқарорсозии заминаи психоэмосионӣ, системаи дилу рагҳо таъсир мерасонанд.
Духтурон тавсия медиҳанд, ки писта барои онҳое, ки фишори зиёди ҷисмонӣ ё рӯҳӣ доранд ва инчунин бемороне, ки ба наздикӣ ин бемориро аз сар гузаронидаанд, фоида дорад.
Аз сабаби таркиби кислотаҳои равғанӣ, писта инкишофи сактаи дилро пешгирӣ мекунад, деворҳои рагҳоро мустаҳкам мекунанд ва тапиши дилро барқарор мекунанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд






