Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»

Июнь 13, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафари ҳайати мехмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Норак оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ин сафар беш аз 170 меҳмон аз дохил ва хориҷи мамлакат ба обанбори «Норак» рафта, бо захираҳои обӣ ва зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.

Ҳангоми сафар меҳмонон ба хабарнигори АМИТ «Ховар», ки онҳоро ҳамроҳӣ менамуд, андешаҳояшонро дар мавриди зебоии шаҳри Душанбе баëн намуданд.

«Ба ман мавзеъҳои дилрабои шаҳри Душанбе, кӯчаю растаҳои тозаву озода, боғҳои ободу гулпӯш, иншооти бо тарҳу услуби муосиру миллӣ бунёдшуда хеле писанд омад. Воқеан, Душанбе зебо ва шаҳри орзуҳост»,- гуфт иштирокчии Конфронси сатҳи баланд аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами.

Номбурда мегӯяд, ки маротибаи аввал аст ба Тоҷикистон меояд ва мақсад дорад, ки бо фароҳам омадани имконият бо дӯстонаш барои саёҳат дубора ба инҷо биёяд.

“Наворҳои зиёд аз табиати зебои Тоҷикистон бардоштаам, аз ин сафар таассуроти нек зиёд дорам. Наворҳоро ба дӯстону ҳамкоронам нишон дода, дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон қиссаҳо хоҳам кард. Мегӯям, ки дар ин сарзамин он қадар одамони самимию меҳмоннавоз зиндагӣ мекунанд, аз дидору суҳбаташон шод мешавӣ”,- афзуд Диало Блами.

Дигар меҳмонон низ Тоҷикистонро макони афсонавӣ номида, ба мардуми меҳмоннавози тоҷик, хусусан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдомашон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки муҳим ва башардӯстона мебошад, баҳои баланд доданд.

Меҳмонон раҳораҳ бо хандаву шодӣ манзараҳои Тоҷикистонро тамошо карда, мафтуни табиати нотакрори мо гардиданашонро баён намуданд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд