Муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон густариш меёбанд

Июнь 23, 2024 12:02

ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар мулоқоти махсус бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Маҳдумқулӣ Фароғӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот  гуфта  шуд, ки эҷодиёти Махдумқулӣ ва Бердӣ Қарабоев ба забони тоҷикӣ ва осори ниёгони мо  ба забони туркманӣ, ки ҳолати рӯҳии мардумони моро баланд мебардоранд, тарҷума шудаанд.

Шоир ва мутафаккири туркман Махтумқулӣ  дар баробари омӯзгор будан ва идома додани касби чӯбкорӣ, ки аз ниёгони худ мерос гирифтааст, ҳунарҳои оҳангарӣ ва заргариро низ хуб аз худ кардааст. Аз Махдумқулӣ то ба имрӯз мероси зиёди адабӣ боқӣ мондааст, ки дӯсторони илму адаб аз он баҳравард мегарданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон  зарурати густариши ҳарчи бештари ин равобитро  таъкид карданд.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Июнь 23, 2024 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад