Муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар мулоқоти махсус бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Маҳдумқулӣ Фароғӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки эҷодиёти Махдумқулӣ ва Бердӣ Қарабоев ба забони тоҷикӣ ва осори ниёгони мо ба забони туркманӣ, ки ҳолати рӯҳии мардумони моро баланд мебардоранд, тарҷума шудаанд.
Шоир ва мутафаккири туркман Махтумқулӣ дар баробари омӯзгор будан ва идома додани касби чӯбкорӣ, ки аз ниёгони худ мерос гирифтааст, ҳунарҳои оҳангарӣ ва заргариро низ хуб аз худ кардааст. Аз Махдумқулӣ то ба имрӯз мероси зиёди адабӣ боқӣ мондааст, ки дӯсторони илму адаб аз он баҳравард мегарданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон зарурати густариши ҳарчи бештари ин равобитро таъкид карданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






