НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶОМЕА. Доир ба он дар Донишгоҳи миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа» конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигар намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи миллӣ Эмомалӣ Насриддинзода изҳор намуд, ки баррасии ин мавзуъ ба баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мусоидат намуда, дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди қабули қонуни асосии мамлакат– Конститутсия муҳим мебошад.
Дар конфронс изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар менамояд, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад.
Гуфта шуд, ки ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар шаҳрванд табдил ёбад.
Конфронс аз бахшҳои «Асосҳои назариявии маърифати ҳуқуқӣ» ва «Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили рушди давлатдории миллӣ» иборат буда, дар кори он давоми рӯз беш аз 20 маъруза мавриди баррасӣ қарор мегирад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд






