НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО «СУҒД-2024». Вилояти Суғд бо зиёда аз 60 давлати ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад

Июнь 20, 2024 11:58

ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисоду савдо, саноату кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба пешравӣ ноил гардидааст. Имрӯз вилояти Суғд бо тамоми ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳамкории судманд дошта, бо зиёда аз 60 мамлакати ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Дар ин хусус 18 июн зимни баргузории форум таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа» иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Форум дар ҳошияи Намоишгоҳи  байналмилалии савдо «Суғд-2024» дар Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии  ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуда, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ҳокимони вилояти Тошканд, Намангон, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, губернатори вилояти Пензаи Федератсияи Русия, ноиб-президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия ва муовинони раисони як қатор вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатҳои дӯст, сафирони мамлакатҳои гуногун ва соҳибкорону сармоягузорони дохилу хориҷ иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташкили Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва форуми мазкурро як қадами муҳим дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дӯстонаи байни мамлакатҳо арзёбӣ намуд.

Мавсуф ташкили чунин ҳамоиши сатҳи баландро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи умумӣ – рушди минтақа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум муҳим дониста, иброз намуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда барои боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши табодули молу маҳсулот бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» майдони хубе барои роҳандозии ташаббусҳои нав ва баррасиву татбиқи тарҳҳои муштарак мебошад.


Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят зиёда аз 1000 корхонаи  хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол ва як қисми он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят 3 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, барои тоҷирону сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Таъкид гардид, ки дар рафти намоишгоҳи байналмилалӣ соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки бо намояндагони тиҷоратии мамлакатҳои иштироккунанда мулоқот намуда, дурнамои ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судмандро баррасӣ намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 20, 2024 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст