Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 — 31 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо ҳайати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Ашурбой Солеҳзода изҳор намуд, ки ҳамкорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо дар доираи ин созмон васеъ карда шуда, ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди инфрасохтори савдо ва таҳвил, алоқамандӣ дар самти иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва дигар самтҳо бояд диққати бештар дода шаванд.
Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок карда, дар доираи он масъалаи шарҳи миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи ҲИМОМ-ро то соли 2030 баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






