Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 12-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод дар Конфронси 12-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти унвони «Хива – пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024», ки 1-2 июн дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Дар конфронс Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳа, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ, меҳмонони воломақом, вазирони сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронс ду иҷлосияи корӣ баргузор карда шуд.
Дар иҷлосияи якум рӯзнома ва барномаи кории конфронс қабул гардида, ҳисоботи роҳбари Конфронси 11-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ ва инчунин маърузаҳои намояндагони кишварҳои аъзои Созмон шунида шуд.
Дар қисми дуюми иҷлосияи корӣ изҳороти вазирон ва роҳбарони ҳайатҳо шунида шуда, қарорҳо баҳри рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар фазои Созмони ҳамкории исломӣ қабул гардиданд.
Илова бар ин сана ва макони баргузории Конфронси 13-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ муайян гардида, шаҳрҳои сайёҳӣ барои солҳои 2025, 2026 ва 2027 аз ҷониби котиботи Созмон эълон карда шуданд.
Дар фарҷом эъломияи Конфронси 12-уми вазирони сайёҳии Созмони ҳамкории исломӣ қабул гардид.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






