Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Директори генералии Шурои олимпии Осиё, Президенти Федератсияи ҷаҳонии шиноварӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар Шоҳигарии Баҳрайн ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо Директори генералии Шурои олимпии Осиё, Президенти Федератсияи умумиҷаҳонии шиноварӣ Ҳусейн Ал-Мусаллам вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва қитъавӣ, татбиқи барномаҳои соҳавии Шурои олимпии Осиё дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи варзишро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Абдулло Раҳмонзода иброз намуд, ки имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат тамоми қувваю имконияти мавҷударо ба инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди инфрасохтори соҳа ва таъмин намудани шароити мусоид равона менамоянд.
Дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Пешвои миллат зимни мулоқот Абдулло Раҳмонзода ба Ҳусейн Ал-Мусаллам пешниҳод намуд, ки дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар доираи барномаи «Олимп Осиё»-и Шурои олимпии Осиё барои варзиши сабук як майдони варзишӣ бо роҳравҳои резинӣ ва дар дохили он майдонҳои волейбол, баскетбол ва футбол сохта шуда, мавриди истифодаи донишҷӯёни донишкада ва варзишгарони мамлакат қарор дода шавад.
Ин пешниҳодро Директори генералии Шурои олимпии Осиё қабул карда, иброз намуд, ки Шуро омода аст барои сохтмони ин лоиҳа дар ҳаҷми зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати сероб буда, зарурати рушди инфрасохтори варзиши намудҳои обӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миён омадааст.
Дар робита ба ин Ҳусейн Ал-Мусаллам иброз намуд, ки ҳамчун Президенти Федератсияи ҷаҳонии шиноварӣ омода аст аз лиҳози таъмини таҷҳизоти техникӣ ва ҷалби мутахассисон барои омӯзиши мураббиён ва варзишгарони ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилан судманд ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти варзиши мамлакат олӣ арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат корҳои ташкили сохтмони майдони варзиширо тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди мамлакат оғоз намуда, дар ин самт тамоми тадбирҳоро амалӣ менамоянд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






