ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ БАҚАЙДГИРӢ. Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ он то 30 июн идома меёбад

Июнь 10, 2024 16:27

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 10 июн даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 (ИМД-2024) оғоз гардид, ки то 30 июн идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсоне, ки худро дар давраи якуми бақайдгирӣ номнавис карда натавонистаанд, гузаронида мешавад.

Давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, гузаронида мешавад.

Довталабоне, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои авваларо иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо даври дуюми бақайдгирӣ гузаронида мешавад ва ин довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намоянд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид