«OH TAJIKISTAN». Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ муаррифии видеролики таблиғотӣ доир гардид

Июнь 19, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, муаррифии иқтидорҳои беназири сайёҳии мамлакат, тарғибу ташвиқ намудани урфу одатҳои мардумӣ, фарҳанг ва таърихи қадимаи миллати тоҷик пайваста кӯшиш намуда, бо ширкатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар натиҷа бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии «Voin Production services» видеролики таблиғиотӣ зери номи «Oh Tajikistan» дар ҳаҷми як дақиқаву чилу нуҳ сония таҳия карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи сайёҳӣ хабар доданд, аз ҷониби кумита ҷиҳати таҳияи видеоролики мазкур гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии наворбардорони «Voin Production services» таъсис дода шуд, ки дар доираи он ба тамоми минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ сафарҳои эҷодӣ баргузор гардида, аз мавзеъҳои зебову дилфиреби мамлакат наворбардорӣ  карда шуд.

Видеоролики мазкур фарогири ҷабҳаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва тарғиботӣ буда, дар он табиати зебои Тоҷикистон  бо диди нав ва сифати баланди наворбардорӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати таҳияи барномаву хабарҳои муҳим оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ бо фармоиши раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Клуби рӯзноманигори сайёҳӣ» дар назди Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд.

Дар клуби мазкур рӯзноманигорон аз 8 муассисаи воситаҳои ахбори умум аз ҷумла, Телевизиони «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Синамо», АМИТ «Ховар», «Афганистан интернейшнал», «Азия Плюс» ва «МИР» аъзо карда шудаанд.

Барои таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ 7 хатсайри беҳтарин ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст, ки «Клуби рӯзноманигори сайёҳӣ» дар ҳайати болозикр барои таҳияи барномаҳои сайёҳӣ ба ин минтақаҳо сафарбар мегарданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 19, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад