«OH TAJIKISTAN». Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ муаррифии видеролики таблиғотӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, муаррифии иқтидорҳои беназири сайёҳии мамлакат, тарғибу ташвиқ намудани урфу одатҳои мардумӣ, фарҳанг ва таърихи қадимаи миллати тоҷик пайваста кӯшиш намуда, бо ширкатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар натиҷа бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии «Voin Production services» видеролики таблиғиотӣ зери номи «Oh Tajikistan» дар ҳаҷми як дақиқаву чилу нуҳ сония таҳия карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи сайёҳӣ хабар доданд, аз ҷониби кумита ҷиҳати таҳияи видеоролики мазкур гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии наворбардорони «Voin Production services» таъсис дода шуд, ки дар доираи он ба тамоми минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ сафарҳои эҷодӣ баргузор гардида, аз мавзеъҳои зебову дилфиреби мамлакат наворбардорӣ карда шуд.
Видеоролики мазкур фарогири ҷабҳаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва тарғиботӣ буда, дар он табиати зебои Тоҷикистон бо диди нав ва сифати баланди наворбардорӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати таҳияи барномаву хабарҳои муҳим оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ бо фармоиши раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Клуби рӯзноманигори сайёҳӣ» дар назди Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд.
Дар клуби мазкур рӯзноманигорон аз 8 муассисаи воситаҳои ахбори умум аз ҷумла, Телевизиони «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Синамо», АМИТ «Ховар», «Афганистан интернейшнал», «Азия Плюс» ва «МИР» аъзо карда шудаанд.
Барои таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ 7 хатсайри беҳтарин ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст, ки «Клуби рӯзноманигори сайёҳӣ» дар ҳайати болозикр барои таҳияи барномаҳои сайёҳӣ ба ин минтақаҳо сафарбар мегарданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






