Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ, ки 13-14 июн баргузор шуд, ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин коллеҷ хабар доданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки мақсади асосии баргузории олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани шавқу завқи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Олимпида маротибаи аввал бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, иштирокчиёнро аз 53 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ бо фарогири 240 нафар ҷамъ овардааст.
Олимпиада бахшида ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани хонадагон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» равона гардида, ба ин васила баланд бардоштани маҳорати касбии хонандагон дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ мебошад.
Даври якуми олимпиада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки 795 хонанда баргузор шуда, 240 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Олимпиада тӯли 2 рӯз идома ёфта, хонадагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ дар он фаъолона иштирок намуда, аз худ маҳорати баланд нишон доданд.
Дар охир ғолибон бо «Ҷом»-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии, Ифтихорнома, Сипоснома, туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ гардида, инчунин беҳтаринҳо барои таҳсил ба тариқи ройгон ба коллеҷҳо аз рӯи равия тавсия гаштанд.
Бояд гуфт, ки иштирокчиёни олимпида, ки аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маротибаи аввал ба шаҳри Душанбе омадаанд, боғу гулгаштаҳои зебо ва Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз таърихи гузаштаи худ огоҳӣ пайдо карданд.
АКС: Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






