«ПАЙВАНДИ НАСЛҲО». Дар Душанбе бо собиқадорони футболи тоҷик вохӯрӣ доир гардид

Июнь 6, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пайванди наслҳо» вохӯрии намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо собиқадорони футболи тоҷик, варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ ва футзалбозони тими миллӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Вохӯрӣ дар доираи «Ҳафтаи футбол дар ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик ёдовар шуда, иброз дошт, ки рушди варзиш дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамзамон варзиш вақти холии наврасону ҷавононро пур намуда, онҳоро аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин медорад.

Ба гуфти Абдуҷаббор Азизӣ, «мо аз ин пеш бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда будем. Имрӯз пешниҳоди Рӯзи ҷаҳонии футбол моро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Он рӯз дер нест, ки футболбозони мо бо натиҷаҳои баланди футболи худ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи миллат хоҳанд шуд».

Дар ҷараёни вохӯрӣ гуфта шуд, ки имсол ду дастоварди футболбозони мо қобили ситоиш аст- яке роҳ ёфтани дастаи мунтахаби футзали мо ба Ҷоми Осиё ва аз байни 56 давлати Осиё дар қатори 8 дастаи беҳтарин мавқеъ гирифтани дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид.

 АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Июнь 6, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд