Пешвои миллат: «Эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо беҳтарин савоб ва ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст»
ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки хайру саховат, дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, сарфаю сариштакорӣ ва риояи меъёрҳои муқарраркардаи қонуни танзим, яъне таъмини волоияти қонун, тарбияи фарзандон, омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ба онҳо ва омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор муҳимтарин корҳое мебошанд, ки бояд дар ин самт анҷом дода шаванд.
Пешвои миллат вобаста ба ҳаҷ афзуданд, ки вақтҳои охир баъзе ҳамватанони мо дар анҷом додани маросими ҳаҷ ба зиёдаравию намоишкорӣ роҳ дода, зиёрати хонаи Худоро ба як намуди мусобиқа мубаддал сохта истоданд. Ин раванд дар ҳоле идома дорад, ки дар зиндагӣ ва шароити оилаи бисёре аз онҳо мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзеҳо ҳатто қарз гирифта, ба ҳаҷ мераванд. Дар ҳар ду ҳолат, яъне ҳам дар сурате, ки одамон бо доштани мушкилот дар зиндагии оилаашон ва ҳам бо гирифтани қарз ин корро анҷом медиҳанд, одобу русуми ҳаҷ вайрон ва ҳикмати он иллатпазир мегардад.
Президенти мамлакат илова намуданд, ки вобаста ба ин масъала дар маъхазу сарчашмаҳои муътабари динӣ возеҳан гуфта шудааст, ки ҳаҷ фақат як бор воҷиб аст. Зеро Паёмбари ислом як маротиба ҳаҷ карда, такроран анҷом додани ин амалро барои худ, дар ҳоле, ки дар сарзамини араб мезистанд, раво надидаанд.
Дар паёми шодбошии Сарвари давлат омадааст, ки тавре ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир садҳо нафар шаҳрвандони хайрхоҳу ватандӯсти мо маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашонро дар роҳи кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату шахсони ниёзманд, бунёду таъмири роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва дигар корҳои хайр сарф карда истодаанд. Амали онҳо, албатта, қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад.
Зеро корҳое, ки чунин шахсон анҷом медиҳанд, ба хайру осоиш ва беҳбудии рӯзгори мардум равона гардидаанд.
«Эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо, ки дар фарҳанги чандинҳазорсолаи мо мақоми қиблагоҳро доранд, аз ҷумлаи ҳикматҳои дини мубини ислом, иди саиди Қурбон ва беҳтарин савоб мебошад, ки ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст»-таъкид доштанд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат мардуми Тоҷикистонро бо иди саиди Қурбон табрик гуфта, тани сиҳат, иқболи нек, барори кор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президентти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






