Пешвои миллат: «Эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо беҳтарин савоб ва ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст»

Июнь 17, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки хайру саховат, дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, сарфаю сариштакорӣ ва риояи меъёрҳои муқарраркардаи қонуни танзим, яъне таъмини волоияти қонун, тарбияи фарзандон, омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ба онҳо ва омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор муҳимтарин корҳое мебошанд, ки бояд дар ин самт анҷом дода шаванд.

Пешвои миллат вобаста ба ҳаҷ афзуданд, ки вақтҳои охир баъзе ҳамватанони мо дар анҷом додани маросими ҳаҷ ба зиёдаравию намоишкорӣ роҳ дода, зиёрати хонаи Худоро ба як намуди мусобиқа мубаддал сохта истоданд. Ин раванд дар ҳоле идома дорад, ки дар зиндагӣ ва шароити оилаи бисёре аз онҳо мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзеҳо ҳатто қарз гирифта, ба ҳаҷ мераванд. Дар ҳар ду ҳолат, яъне ҳам дар сурате, ки одамон бо доштани мушкилот дар зиндагии оилаашон ва ҳам бо гирифтани қарз ин корро анҷом медиҳанд, одобу русуми ҳаҷ вайрон ва ҳикмати он иллатпазир мегардад.

Президенти мамлакат илова намуданд, ки вобаста ба ин масъала дар маъхазу сарчашмаҳои муътабари динӣ возеҳан гуфта шудааст, ки ҳаҷ фақат як бор воҷиб аст. Зеро Паёмбари ислом як маротиба ҳаҷ карда, такроран анҷом додани ин амалро барои худ, дар ҳоле, ки дар сарзамини араб мезистанд, раво надидаанд.

Дар паёми шодбошии Сарвари давлат омадааст, ки тавре  ҳамватанони азизи мо мушоҳида мекунанд, солҳои охир садҳо нафар шаҳрвандони хайрхоҳу ватандӯсти мо маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашонро дар роҳи кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату шахсони ниёзманд, бунёду таъмири роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва дигар корҳои хайр сарф карда истодаанд. Амали онҳо, албатта, қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад.

Зеро корҳое, ки чунин шахсон анҷом медиҳанд, ба хайру осоиш ва беҳбудии рӯзгори мардум равона гардидаанд.

«Эҳтироми падару модар ва ба ҷо овардани хизмати онҳо, ки дар фарҳанги чандинҳазорсолаи мо мақоми қиблагоҳро доранд, аз ҷумлаи ҳикматҳои дини мубини ислом, иди саиди Қурбон ва беҳтарин савоб мебошад, ки ба қавли бузургон баробар ба ҳаҷ кардан аст»-таъкид  доштанд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат мардуми Тоҷикистонро бо иди саиди Қурбон табрик гуфта, тани сиҳат, иқболи нек, барори кор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии рӯзафзун орзу намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президентти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо ташаббуси Вазорати адлия дар ноҳияи Муъминобод бо сокинон вохӯрӣ доир гардид
Дар Бадахшон дар шаш моҳи соли равон ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 19 фоиз зиёд гардидааст
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Дар Душанбе пойгоҳи миллии ройгон барои ҷустуҷӯи кор ва коргарон муаррифӣ гардид
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад
13-14 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел ва чангу ғубор дар назар аст
Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
Пешвои миллат ба Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа автомошинаҳои хидматӣ тақдим намуданд
Дар 30 сол дар Тоҷикистон 24 ҳазор иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар рӯзҳои гарми тобистон саломатии худ ва наздиконро эҳтиёт намоед
8 июл дар якчанд ноҳияҳои вилояти Суғд сел омад