«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУНОДИИ АСИЛИ ВАҲДАТ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ва конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – мунодии асили ваҳдат» доир гардид, иттилоъ медиҳад, хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ аксу мусавварраҳо, китобҳо ва нигораҳо аз раванди музокирот ва расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки таҷассумгари ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи сулҳофарии мардум тоҷик мебошанд. Ваҳдат омили асосии сарҷамъии миллат буда, нигораҳои дар намоиш гузошташуда, баёнгари сарҷамъии миллати тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ аст.
Дар доираи намоиши аксу мусаввараҳо, китобҳо ва нигораҳо аз раванди музокироти сулҳи тоҷикон, Конфронси ҷумҳуриявии «Пешвои миллат –мунодии асили ваҳдат» доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шурои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон иштирок намуда, доир ба роҳҳои расидан ба сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллат ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик нақши басо бузург иҷро намудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






