Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 10, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ шуд.

“Тавсеаи робитаҳо бо ЮНЕСКО дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, сатҳу муҳтавои имрӯзаи он боиси қаноатмандии мост” изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз дастгирии доимии Созмон аз иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Шашмақому фалак, гулдузӣ, бофтани атласу адрас, ҷашнҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон, ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз ҷумлаи мероси гаронбаҳои моддиву маънавии арзишманди тоҷиконанд, ки эътирофу эътибори ҷаҳонӣ пайдо намудаанд.

Дар ин зимн саҳм ва дастгирии ЮНЕСКО дар ҳифзи фарҳангу анъанаҳои ниёгони мо ва таҳвили онҳо ба наслҳои оянда амри муҳим шумурда шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки кишвари мо ба ҳамкории судманди минбаъда бо ЮНЕСКО дар самти нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз нобудшавии мавзеъҳои таърихӣ ва ганҷинаҳои фарҳангии миллӣ манфиатдор мебошад. Дар ин ҷода, истифодаи зарфиятҳои фанноварию техникии Созмон дар доираи барномаи “Таҳкими иқтидор барои мудирияти мероси таърихӣ” зарур шумурда шуд.

Татбиқи лоиҳаи ЮНЕСКО дар бораи “Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯи хатари обшавии пиряхҳо” аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо оид ба рафти амалисозии он табодули андеша намуданд.

Мулоқот бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле 10.06.2024

Июнь 10, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 МВт ба истифода доданд