Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Июнь 10, 2024 08:00

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоботи муваффақи сартосарии парлумонӣ дар кишвар ва аз нав интихоб гаридиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон сидқан табрику таҳният мегӯям.

Натиҷаҳои ин чорабинии муҳимми сиёсӣ боз як нишонаи равшани ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Ҳиндустон мебошад, ки асосан ба татбиқи пайвастаи ҳадафҳои наҷибонаи расидани кишваратон ба мақоми пешоҳангӣ дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронда шудааст.

Он ҳам боиси таҳсин аст, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳти роҳбарии Шумо мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшида, имрӯзҳо дар ҳалли масъалаҳои умдаи глобалӣ нақши бориз дорад.

Итминон дорам, ки мо дар оянда низ бо талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ густариш дода, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба манзури пешбурди шарикии кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омодагии инҷонибро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳо дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавому саодатмандӣ ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Июнь 10, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд