Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд.
“Дар шахси Шумо ба кишвари дӯсти Зимбабве, ки ташаббусҳои Тоҷикистонро дар соҳаи об ва иқлим дастгирӣ намуда, дар татбиқи онҳо фаъолона ширкат меварзад, арзи сипос менамоям”, – изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ омодагии кишварҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба иброз дошта, масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори саноат, кашф ва истихроҷи маъданҳо, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои иқтисодӣ баррасӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот оид ба авҷ гирифтани низоъҳо дар кишвару минтақаҳои гуногун, афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша сурат гирифт.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд






