РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. Дар шаҳри Ҳисор соҳилҳои дарёи Чангоб аз партов тоза карда шуданд
ДУШАНБЕ, 05.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист- 5 июн Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист» дар шаҳри Ҳисор иқдоми «Тозагии соҳил – 2024» доир намуд, ки дар ҷараёни он соҳилҳои дарёи Чангоб ва макони оббозии кӯдакон аз партовҳо тоза гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Дар ин ташаббус ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва аъзои фаъоли Ташкилоти «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
«Тозагии соҳил» бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ барои ҳифзи тозагии муҳити зист дода буданд, амалӣ гардид.
Ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва аъзои фаъоли «Созандагони Ватан» дар тоза намудани соҳили дарёҳо аз зарфҳои пластикӣ ва дигар партовҳо саҳм гузоштанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






