РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. Дар шаҳри Ҳисор соҳилҳои дарёи Чангоб аз партов тоза карда шуданд

Июнь 5, 2024 18:59

ДУШАНБЕ, 05.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи  муҳити зист- 5 июн Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист» дар шаҳри Ҳисор иқдоми «Тозагии соҳил – 2024» доир намуд, ки дар ҷараёни он соҳилҳои  дарёи Чангоб ва макони оббозии кӯдакон аз партовҳо тоза гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дар ин ташаббус ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Ҳисор ва аъзои фаъоли Ташкилоти «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

«Тозагии соҳил» бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ барои ҳифзи тозагии муҳити зист дода буданд, амалӣ гардид.

Ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Ҳисор ва аъзои фаъоли «Созандагони Ватан» дар тоза намудани соҳили дарёҳо  аз зарфҳои пластикӣ ва дигар  партовҳо саҳм гузоштанд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Июнь 5, 2024 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар