Рӯзи шанбе дар милитсияи Хатлон «Рӯзи театр» эълон гардид

Июнь 8, 2024 18:36

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар мақомоти милитсияи вилоят рӯзи шанберо «Рӯзи театр» эълон намуда, тибқи нақшаи таҳиягардида кормандони мақомот ба тамошои саҳнаҳои театрӣ ба  театри вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мераванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Тавре дар ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъкид намуданд, ин иқдом дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғанӣ гардонидани фарҳангу маънавиёти кормандони милитсия, эҳтиром ба ҳунари аҳли фарҳангу адаб,  осори ҷаҳонгир ва   пурғановати ниёгони тамаддунофари тоҷик, тақвият додани принсипи хушахлоқии кормандони милитсия дар муносибат бо ҷомеа ва баланд бардоштани дониши таърихии кормандони милитсия тавассути барномаҳои театрӣ амали карда мешавад.

Тавре Пешвои фарҳангпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ изҳор доштанд: «Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд».

Дар ҳақиқат театр дар ҳар давру замон тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар ташаккули маънавиёти ҷомеа басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Тибқи нақшаи таҳиягардидаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар навбати аввал ҳайати кормандони Шуъбаҳои  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Левакант ба тамошои саҳнаҳои театрӣ ба  театри вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар рафтанд.

Ба кормандони милитсия намоишномаи «Аруси хапак», ки аз рӯи асари нависандаи маъруфи тоҷик Ҷумъа Қуддус дар таҳияи Баҳром Қурбонзода рӯи саҳна гузошта шуд, тамошо намуданд.

Воқеан ҳам ҳунармандони театр нақшҳои худро хеле олӣ иҷро намуданд, ки аз тамошои он ҳозирин ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Июнь 8, 2024 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд