Раиси Маҷлиси намояндагон бо сокинону кишоварзони ноҳияи Рашт мулоқот намуд
РАШТ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Рашт сафари корӣ анҷом дод, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон ва кишоварзони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода салому паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум расонд. Сипас дар мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли миллӣ сухан гуфт.
Маҳмадтоир Зокирзода бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ, аз ҷумла кишти картошка ва зироати кишоварзӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки мардуми и ноҳияи Рашт заҳмату талошҳо, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ карда, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро чун ҳарвақта сармашқи кор менамоянд.
Онҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои олии пешгирифтаи давлати азизамон пайваста меҳнату талош намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






