Раиси вилояти Хатлон бо корҳои саҳроӣ ва истифодаи самараноки замини наздиҳавлигии сокинони Муъминобод шинос шуд

Июнь 1, 2024 18:08

ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ва кишти картошка бо сокинони ноҳияи Муъминобод мулоқоту суҳбат намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Раиси вилоят бо раванди истифодаи самарабахши заминҳои кишти кишоварзӣ дар мавзеи Чашмасор шинос шуд.

Бояд гуфт, ки заминҳои кишти кишоварзии мавзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддини Шоҳин дар  километри 18-уми шоҳроҳи Муъминобод-Кӯлоб ҷойгир мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки заминҳои кишти кишоварзии мавзеи Чашмасор дорои 5 хоҷагии деҳқонӣ буда, дар майдони 10 гектар картошка, 1 гектар пиёз ва 1,20 гектар лубиёгиҳо кишт шудааст. Ҳоло нашъунамои кишти зироати кишоварзӣ дар ҳолати хуб қарор дорад.

Зимни суҳбат бо кишоварзон раиси вилоят изҳор намуд, ки омилҳои асосии баланд бардоштани иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин баланд бардоштани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди бесобиқаи соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ва ноҳияро мебояд дар ин самт пайваста талош намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июнь 1, 2024 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд