РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид намуданд

Июнь 11, 2024 19:43

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳи ЭКСПО Душанбе молу хидматрасонӣ аз бахшҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки дар намоишгоҳ бо навтарин дастовардҳои корхонаҳои Тоҷикистон шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  ба кор оғоз намуд. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доранд.

Инчунин рафти кори конференсияро беш аз 300 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки аз ин шумора 120 нафар хабарнигорони хориҷӣ мебошанд, инъикос доранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Раванди оби Душанбе ба тамошои Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Суратгузориш аз боздиди меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон
…РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОНРО ГУМ МАКУН. Суратгузориш аз пазироии иштирокдорони Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе
Дар Тоҷикистон имконият ва иқтидори зиёди рушди соҳаи кишоварзӣ мавҷуд мебошад
Дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар бояд саҳмгузор бошем
Суратгузориш аз маркази таълимии «Пойтахт» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Суратгузориш аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
СУРАТГУЗОРИШ. Тифлис-қалби Гурҷистон ва шаҳре дорои таърихи 1600-сола
1 май дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст мешавад. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз лолазори пойтахт
САД РАНГИ ЧАКАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории даври ҷамъбастии ин фестивал таҳия гардидааст
БИНОҲОИ МУҲТАШАМИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ДАР ДУШАНБЕ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» дар арафаи баргузории ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»