Роҳбарияти «Тоҷикаэронавигатсия» дар Саммити ҷаҳонии «CANSO Global ATM Summit 2024» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку Саммити ҷаҳонии идоракунии ҳаракати ҳавоии CANSO-2024 (CANSO Global ATM Summit 2024) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар медиҳад, мавзуи Саммити CANSO-2024 устувории муҳити зист, бахусус мубориза бо тағйирёбии иқлимро дар бар гирифта, дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон мавзуъҳои коҳиши партовҳои карбон, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, такмили раванди идоракунии ҳаракати ҳавоӣ бо ҳадафи ноил шудан ба парвозҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Директори генералии CANSO Саймон Хоккар дар маърӯзааш таъкид намуд, ки: «саноати авиатсияи ҷаҳон ба ояндаи устувор ниёз дорад, аз ин рӯ мо бояд масоили коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро ҳал намоем».
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони давлатҳои ҷаҳон дар бахши идораи ҳаракати ҳавоӣ ва аъзои CANSO дар баҳсу баррасии масоили калидӣ ва қабули қарорҳои муҳим барои дурнамои ин созмон иштирок намуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»










Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






