САЛОМ, ТОБИСТОН! Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 июн то 3 июл лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон»-и назди Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар чор баст наврасон — хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо ба истироҳату фароғат фаро мегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» дар ҳар баст 100 нафар, ҷамъ 400 нафар наврасон — хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.
Зимни маросими ифтитоҳи лагер директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев иброз намуд, ки ташкили чунин лагерҳо чӣ дар дохили пойтахт ва чӣ берун аз он аз ҷумлаи дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.
Имсол дар давраи таътили тобистона беш аз 10 ҳазору 500 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар истироҳатгоҳҳои наздимуассисавию беруназшаҳрӣ ройгон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.
Зимни ифтитоҳи лагер барномаи фарҳангии омоданамудаи маҳфилҳои эҷодӣ – бадеӣ ва ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Марказ пешниҳод гардид.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






