Се хонандаи муассисаи таълимии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод сазовори квотаи президентӣ гардид

Июнь 2, 2024 11:31

ФАЙЗОБОД, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи натиҷаи даври сеюми озмуни квотаи президентӣ дар ноҳияи Файзобод се  хонандаи муассисаи таълимии деҳаи Саричашмаи ноҳия сазовори ҷойи аввал шуда, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории ноҳияи  Рашт ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кулоб гардиданд. Дар ин хусус  хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.

Дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат хонандагони фаъол  барои гирифтани квотаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рақобат доранд. Дар ноҳияи Файзобод байни 68 хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64  Ороста Ғуломализода ин квотаро сазовор гардид. Ӯ гуфт, ки озмун ба таври шаффоф дар ҳузури волидайни хонандагон доир шуд ва аъзои ҳакамон одилона баҳо гузоштанд.

Шаҳром Назиров, хонандаи дигари ҳамин муассисаи таълимӣ иброз дошт, ки «бо эълон гардидани бистсолаи рушди фанҳои дақиқ ман хулоса баровардам, ки фанни физикаро аз худ намуда, дар оянда омӯзгори ҳамин ихтисос бошам. Хушбахтона, ба мо беҳтарин омӯзгорони фанҳои дақиқ дарс мегӯянд ва ман бо дастгирии онҳо омода шуда, дар озмуни квотаи президентӣ иштирок намудам ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шудам».

Гулноза Юсуфова, хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии рақами 64 иброз намуд, ки «дар деҳаи Саричашма солҳои пеш мактаб набуд. Мо, хонандагон бо мушкилӣ ба деҳаҳои дигар рафта, дарс мехондем. Хушбахтона,  дар деҳаи мо мактаби нав бунёд гардид ва бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар ин муассиса беҳтарин шароити таълимӣ муҳайё буда,  ба мо омӯзгорони ботаҷриба дарс мегӯянд. Ман ҳам аз ин имконият истифода намуда, бо баҳогузории одилонаи аъзои ҳакамон дар озмуни квотаи президентӣ аз рӯйи ихтисоси таърих ва ҳуқуқ донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт гардидам».

Дар ҳамаи даврҳои  озмуни квотаи президентӣ аз ноҳияи Файзобод зиёда аз 300  хонанда иштирок намуд, ки дар натиҷаи баҳои аъзои ҳакамон ва мувофиқи нақшаи тасдиқгардида 24 хонандаи ноҳия ба гирифтани ин квота сазовор гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2024 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид