Ширкати IRS: Барои таъмини бехатарии роҳ 34 тонна ранг ва 8 тонна саққочаи ҷилодиҳанда сарф хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз ҷониби Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» барои дар сатҳи хубу сифати баланд таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт 34 тонна ранг ва 8 тонна саққочаи ҷилодиҳанда сарф хоҳад шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Харидории саққочаҳои ҷилодиҳандаро манбаъ ба муроҷиати шаҳрвандон рабт дод. Маълум гардид, ки зимни муроҷиат аз тариқи саҳифаи филиали ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» шаҳрвандон аксар маврид аз манфиатҳои хатҳои уфуқӣ ёдовар шуда, дархост намуданд, ки беҳтар мешавад агар зимни кашидани хатҳои уфуқӣ ба қобилияти ҷилодиҳии онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Чун ҳарвақта ин пешниҳод низ фавран мавриди баррасии роҳбарияти «IRS» қарор гирифта, дар муддати кутоҳ татбиқ шуд.
Бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ барои арзу пешниҳодҳо сандуқ гузошта шудаанд. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат — 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намояд.
Ба иттилои манбаъ, махсусияти кашидани хатҳои уфуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки шабона бо қобилияти ҷилодиҳии худ бехтарии ҳаракатро комилан таъмин менамоянд.
Далелҳо гувоҳи онанд, ки солҳои охир дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони намояндагиҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз ранги босифат, тавассути техникаи замонавӣ, ки барои ҳар як намояндагӣ алоҳида харидорӣ шудааст, амалӣ гардида истодааст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол бо фаро расидани фасли тобистон шурӯъ гардида, то оғоз гардидани мавсими сармо идома меёбад.
АКС: Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикстон








Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид






