«ШОМИ ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори арзишҳои милливу фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯст- Тоҷикистон ва Чин барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова.
Гуфта шуд, ки ин барнома дар доираи ифтитоҳи шуъбаи забони чинӣ дар коллеҷ доир шуда, дар он намояндагони Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.
Барномаи фарҳангӣ фарогири фарҳангу анъанаҳои миллии Тоҷикистон ва Чин буда, дар он баҳри эҳтиром ба арзишҳои миллии Тоҷикистон ва Чин суруду рақсҳо, қироати шеърҳо, замзамаи таронаҳо ва намоиши анъанаҳои хоси фарҳанги ду мамлакат бо забонҳои тоҷикиву чинӣ пешкаши ҳозирин гардид.
АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон














Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






