«ШОМИ ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд

Июнь 7, 2024 13:03

ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори арзишҳои милливу фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯст- Тоҷикистон ва Чин барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова.

Гуфта шуд, ки ин барнома дар доираи ифтитоҳи шуъбаи забони чинӣ дар коллеҷ доир шуда, дар он намояндагони Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Барномаи фарҳангӣ фарогири фарҳангу анъанаҳои миллии Тоҷикистон ва Чин буда, дар он баҳри эҳтиром ба арзишҳои миллии Тоҷикистон ва Чин  суруду рақсҳо, қироати шеърҳо, замзамаи таронаҳо ва намоиши анъанаҳои хоси фарҳанги ду мамлакат бо забонҳои тоҷикиву чинӣ пешкаши ҳозирин гардид.

АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Июнь 7, 2024 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид