«ШОЯД ДАР ҚАТРАИ ХУНИ ШУМО НАҶОТИ КАСЕ БОШАД». Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун аксияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Июнь 14, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 14.06.20214 /АМИТ «Ховар»/. «Шояд дар қатраи хуни шумо наҷоти касе бошад»- таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид, ки тамоми ҳайати кормандон дар қатори дигар шаҳрвандон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» бо риояи ҳамаи унсурҳои хунсупорӣ барои беҳдошти саломатӣ хун супориданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар ҷаҳон   14 июн Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун муқаррар шудааст. Ҳадафи ин сана тарғибу ташвиқи хун додан  ба эҳтиёҷмандон ва эҳсоси ҳамдиливу ҳамдардӣ байни инсонҳои саросари олам аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2009 Қонун «Дар бораи донори хун ва ҷузъҳои он» ба тасвиб расид, ки он муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар мамлакат танзим менамояд. Тибқи моддаи 2-и қонуни мазкур, ҳар шаҳрванди аз 18 то 65-сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифтории ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.

Ба гуфти мутахассисон, донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди аққал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд. Инчунин дар моддаи  10-и  ин қонун омадааст, ки донорҳо дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Донорҳо ҳуқуқ доранд, ки пас аз супоридани хун бар ивази хӯрок ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни пулӣ гиранд.

Шахсоне, ки новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» барои гирифтани унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» пешниҳод карда мешаванд.

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид