Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Ҷан Мин мулоқот намуд

Июнь 12, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Ҷан Мин мулоқот намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо  масоили муҳимми рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхайро бо таваҷҷуҳ ба омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шурои сарони давлатҳои аъзо, ки 3-4 июл дар Остона баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар мавриди масъалаҳои марбут ба такмили Созмон табодули афкор доир шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷан Мин барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» изҳори сипос намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд