Соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ месозад
ХОРУҒ, 17.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ дар ҳудуди собиқ корхонаи калони нонбарории шаҳри Хоруғ, ки дар охири солҳои навадум бо сабаби пайдо шудани чандин корхонаи хурди тавлиди нон ба рақобат тоб наоварда, аз кор боз монда буд, бунёд карда мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Мутобиқи лоиҳа, ин корхона на танҳо сокинони маркази вилоят, балки дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо маҳсулоти гуногуни гӯштӣ таъмин менамояд. Маблағгузори корхона соҳибкори ватанӣ Рамеш Худоиев буда, барои корҳои сохтмонӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.
Мутобиқи нақша, то фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии мамлакат корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамзамон дар канори он як корхонаи истеҳсоли дору аз растанию гиёҳҳои шифобахш сохта мешавад, ки он ҳам бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ бунёд мегардад ва ҳоло ҷараёни кор дар ин сохтмон низ бо маром идома дорад.
Роҳбари лоиҳа ва сармуҳандиси сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ Фирӯз Шаймуродов гуфт, ки бинои корхона аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағоза, утоқи хазинадорӣ, анборхона ва дар ошёнаи дуюм утоқҳо барои маъмурият, ошхона ва утоқҳои дигари ёрирасон бунёд карда мешаванд. Сехҳои тавлиди маҳсулоти гӯштӣ дар паҳлуи корхона сохта мешаванд, ки дарозии бинои он 80 метр ва паҳноияш 26 метр мебошад. Дар дохили ин бино 7 сардхона, чаҳор яхобкунӣ, анбор барои маҳсулоти хом ва банду басти маҳсулот ҷо дода мешаванд.
Дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ навтарин дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли Олмон, ки бори аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, насбу васл мегарданд. Ин таҷҳизот рӯзҳои наздик ба маҳали сохтмон оварда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






