Соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ месозад

Июнь 17, 2024 14:47

ХОРУҒ, 17.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ дар ҳудуди собиқ корхонаи калони нонбарории  шаҳри Хоруғ, ки дар охири солҳои навадум бо сабаби пайдо шудани чандин корхонаи хурди тавлиди нон ба рақобат тоб наоварда, аз кор боз монда буд, бунёд карда мешавад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Мутобиқи лоиҳа, ин корхона на танҳо сокинони маркази вилоят, балки дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо маҳсулоти гуногуни гӯштӣ таъмин менамояд. Маблағгузори корхона соҳибкори ватанӣ Рамеш Худоиев буда, барои корҳои сохтмонӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Мутобиқи нақша, то фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии мамлакат корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамзамон дар канори он як корхонаи истеҳсоли дору аз растанию гиёҳҳои шифобахш сохта мешавад, ки он ҳам бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ бунёд мегардад ва ҳоло ҷараёни кор дар ин сохтмон низ бо маром идома дорад.

Роҳбари лоиҳа ва сармуҳандиси сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ Фирӯз Шаймуродов гуфт, ки бинои корхона аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум мағоза, утоқи хазинадорӣ, анборхона ва дар ошёнаи дуюм утоқҳо барои маъмурият, ошхона ва утоқҳои дигари ёрирасон бунёд карда мешаванд. Сехҳои тавлиди маҳсулоти гӯштӣ дар паҳлуи корхона сохта мешаванд, ки дарозии бинои он 80 метр ва паҳноияш 26 метр мебошад. Дар дохили ин бино 7 сардхона, чаҳор яхобкунӣ, анбор барои маҳсулоти хом ва банду басти маҳсулот ҷо дода мешаванд.

Дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ навтарин дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли Олмон, ки бори аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, насбу васл мегарданд. Ин таҷҳизот рӯзҳои наздик ба маҳали сохтмон оварда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2024 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
РУШДИ САНОАТ. Имсол дар Хатлон 40 корхонаи саноатӣ таъсис ёфт
Дар Хуҷанд лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшаванда муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон бо аморати Рас-ал-Хайма дар таҳияи барномаҳои зеҳни сунъӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» дар Душанбе ду тарабхонаи дигар месозад
Дар шаҳри Истаравшан бинои таълимии ба номи Садриддин Айнӣ навсозӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Имсол дар Тоҷикистон 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Форел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд