Сокини ноҳияи Ҷайҳун аз замини наздиҳавлигиаш ҳосили сеюми бананро ҷамъоварӣ мекунад

Июнь 21, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Маъруф Қаюмов дар замини наздиҳавлигиаш дарахти банан парвариш намуд, ки айни замон ҳосили сеюми онро ҷамъоварӣ мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун  иттилоъ доданд.

Ба гуфти Маъруф Қаюмов, ӯ дарахтонро аз Узбекистон барои таҷриба оварда,  павариш намуд ва ду сол боз ҳосил ҷамъоварӣ менамояд. «Дарахти банан дар гармхона парвариш мешавад. Дар сардиҳои зимистон ҳарорати гармхона рӯзона 28 дараҷа ва шабона 18 дараҷа гарм нигоҳ дошта мешавад. Дарахти банан дар як сол 3-4 маротиба ҳосил медиҳад. Дар гармхона ду навъи банан, бананҳои ҳаҷман калон ва хурд парвариш мешавад, ки ҳар як дарахт то 200 дона банан ҳосил медиҳад. Иқлими ноҳияи мо барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ аст»,-гуфт номбурда.

Ин иқдоми Маъруф Қаюмов аз ҷониби ҳамдеҳагон дастгирӣ ёфта, сол то сол сафи хоҷагидороне, ки ба парвариши меваҳои ситрусӣ машғул ҳастанд, меафзояд.

Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлии худ на танҳо банан,  балки папаяи  африқоӣ низ парвариш кардааст. Ҳамчунин нақша дорад, ки  ананасро низ парвариш намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 21, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд