Соли 2032 дар Тоҷикистон барои 100 фоиз таъмин шудани истеҳсоли барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне энергияи «сабз» имкон фароҳам меояд

Июнь 10, 2024 17:52

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи саривақтии лоиҳаи «Роғун» имкон медиҳад, ки соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакати мо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне энергияи «сабз» 100 фоиз таъмин карда шавад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои миллии рушд изҳор намуданд.

Ба таъкиди  Сарвари давлат, бо бунёд ва пурра ба фаъолият оғоз намудани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҷаҳон ба зинаи чорум мебарояд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5-уми мо оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ум ва 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Таъкид карда  шуд, ки Тоҷикистон манбаи беш аз 60 фоизи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ буда, дар мамлакат 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Илова бар ин, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ буда, ҳоло танҳо 5 – 6 фоизи онҳо истифода мегардад. Ҳоло Тоҷикистон аз рӯи истифодаи «энергияи сабз» дар ҷаҳон мавқеи шашумро ишғол мекунад.

«Баҳрабардории васеъ аз ин захираҳо барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Ин дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон медиҳад, ки омили муҳимми паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад»,-баён намуданд Пешвои миллат.

Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд дар бахши гидроэнергетика фаъол буда, он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ барои идораи самараноки захираҳои об ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ дар минтақа аҳаммияти калон дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд