Созишнома доир ба содагардонии савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар Душанбе Созишнома доир ба содагардонии савдо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.
Созишномаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Директори Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) Сабина Олтхоф ба имзо расониданд.
Баимзорасонии ин санад дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ, ки 27 марти соли 2003 дар шаҳри Берлин баста шуда буд, доир гардид.
Санад бо мақсади содагардонии расмиёти савдо ва транзит, бозомӯзии кормандони соҳа, баргузории чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба содагардонии расмиёти савдо, инчунин иштироки бахши хусусӣ дар раванди қабул намудани қарорҳо вобаста ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, Созишнома аҳамияти минтақавӣ дошта, маблағи умумии он 6,5 миллион евроро ташкил дода, 5 давлати Осиёи Миёнаро дар бар мегирад, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.
Оғози татбиқи лоиҳа оид ба содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон баъди ба имзорасонии Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) барои 3 сол, яъне солҳои 2024-2026 татбиқ мегардад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд






