Созмони Милали Муттаҳид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об баҳои баланд медиҳад
ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, хеле пурмаҳсул буд», — иброз намуд имрӯз дар брифинг барои рӯзноманигорон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа.
Тавре муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор намуд, Созмони Милали Муттаҳид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об баҳои баланд медиҳад.
«Мо аз муроҷиати илҳомбахшашон субҳи имрӯз хеле руҳбаланд шудем. Созмони Милали Муттаҳид ба идомаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои ба таври дастҷамъона пеш бурдани рӯзномаи об дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳавасманд аст»,- гуфт Ли Ҷунҳуа.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






