Созмони Милали Муттаҳид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об баҳои баланд медиҳад

Июнь 11, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, хеле пурмаҳсул буд», — иброз намуд имрӯз дар брифинг барои рӯзноманигорон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа.

Тавре муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор намуд, Созмони Милали Муттаҳид ба нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об баҳои баланд медиҳад.

«Мо аз муроҷиати илҳомбахшашон субҳи имрӯз хеле руҳбаланд шудем. Созмони Милали Муттаҳид ба  идомаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои ба таври дастҷамъона пеш бурдани рӯзномаи об дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳавасманд аст»,- гуфт Ли Ҷунҳуа.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Покистон бо сафири Тоҷикистон мулоқот анҷом дод
Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Нахустин Саммити сарони давлатҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор мешавад
«ҲИФЗИ МОРХӮР: СТРАТЕГИЯҲО ВА ТАҶРИБАҲОИ САМАРАНОК». Таҳти ин унвон дар Ню-Йорк доир ба ташаббуси Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея густариши ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамкории Тоҷикистон бо ITFC ва ICD баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Императори Ҷопон эътимоднома супорид