«СУҒД-2024». Дар ин ярмаркаи байналмилалӣ 500 нафар меҳмон аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд 10-умин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» баргузор мешавад, ки дар он беш аз 500 меҳмон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок менамояд. Дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, айни замон сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Озарбойҷон, Беларус, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Эрон, Словакия, Лаҳистон ва Покистон ба вилоят ташриф овардаанд.
Ҳамзамон роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск ва Воронежи Федератсияи Русия, шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, вилоятҳои Тошканд, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ дар ин ярмаркаи байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Меҳмонони баландмақом ва доираҳои тиҷоратии ин мамлакатҳо давоми рӯзи 18 июн дар маросими ифтитоҳи даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва Форуми «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ» иштирок мекунанд.
Ҳадафи ярмаркаи мазкур дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
АКС аз бойгонӣ








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






