ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июн, сешанбе, 170-умин рӯзи соли 2024

Июнь 18, 2024 08:00

18 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Шурои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

***

21 сол муқаддам, 18 июни соли 2003 масъалаи рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид.

***

18 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва тасдиқкунии сарҳад ба кор шуруъ намуд.

***

18 июни соли 2009 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шурои машваратӣ оид ба зиёд намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Барномаи «Баланд бардоштани фазои соҳибкорӣ-200 рӯзи ислоҳот» қабул гардид.

*** 

Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони якчанд расонаҳои ахбори умуми ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба ороста,   барпо намудани робитаҳои мустақимро бо ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин «қадами муҳим дар барқарорсозии шохаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим» маънидод намуданд.

***

 18 июни соли 2010 Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Синсзян сарфароз гардонда шуд. Маросими эълон намудани ин рӯйдоди фараҳбахш  ва супурдани дипломи унвони профессори фахрӣ, мантия ва кулоҳи махсуси он дар толори китобхонаи Донишгоҳи Синсзян баргузор гашт.

***

14 сол қабл, 18 июни соли 2010 баъди анҷоми Форуми тоҷирону соҳибкорон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз корхонаҳои саноатии ширкати ТВЕА- и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар наздикии шаҳри Урумчӣ қарор дорад, ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуданд  ва бо роҳбарияти ширкат масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Роҳбари  давлат Эмомалӣ Раҳмон барои  иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Бразилия сафар  намуданд.

***

18 июни соли 2022 дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуданд. Ҳадафи мулоқот  таҳлили вазъи корҳо, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ, вазъи кунунии ҷаҳонӣ, дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра, таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ  ва муайян кардани вазифаҳо барои ҳалли мушкилоти бамиёномада буд.

18 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҳуқуқи инсон.

Июнь 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш