ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июн, панҷшанбе, 179-умин рӯзи соли 2024 аст

Июнь 27, 2024 08:00

27 июни соли 1930 ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Канада таъсис дода шудааст.

***

27 июни соли 1986 дар раъйпурсии Ирландия аксарияти аҳолӣ ба ҷонибдории манъи талоқ овоз додаанд.

***

Соли 1998 дар Туркия бар асари заминҷунбӣ зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расида, 1000 нафар ҷароҳат бардоштанд.

***

11 сол пеш, 27 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастҷамъона баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногун шинос шуда, бо фаъолони ин соҳаи вилоят машварати корӣ  доир намуданд.

***

27 июни соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии солонаи саҳмиядорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.

***

27 июни соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ду синфхонаи нави таълимӣ барои омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва дузандагӣ дар заминаи инфрасохтори намояндагии филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бунёд гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати Осиё оид ба «Гӯштингирӣ» баргузор гардид.

27 ИЮН:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

***

Дар ҷаҳон — Рӯзи моҳигирон.

***

Дар Ҷибути — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Узбекистон – Рӯзи кормандони матбуот.

***

Дар Русия — Рӯзи ҷавонон.

Июнь 27, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш